Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Э.Раҳмон аз Аврупо ба анҷом расид


Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои маҷориаш Пал Шмитт
Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои маҷориаш Пал Шмитт
Силсиласафари шашрӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо дирӯз бо боздид аз Маҷористон анҷом ёфт. Оқои Раҳмон таи ин сафар аз Фаронсаву Австрия ва Люксембург низ дидан карда, дар Страссбург бо дабири кулли Шӯрои Аврупо ва вакилони парлумони Аврупо мулоқот кард. Дар Люксембург байни Душанбеву Бонки аврупоии сармоягузорӣ созишномае ба имзо расид, ки иттихози 14 миллион доллар қарз ва 7 миллион доллар кумаки билоиваз барои рушди бахши энержии вилояти Суғдро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG