Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Яман 21 ҷангҷӯи Ал-қоидаро куштанд


Вазорати дифоъи Яман мегӯяд, дар як даргирӣ дар ҷануби кишвар рӯзи шанбе дасти кам 10 сарбоз ва 21 аъзои мазнуни Ал-қоида кушта шуданд. Даргирӣ дар шаҳри Занҷибор дар вилояти Абйин ба вуқӯъ пайвастааст, ки нерӯҳои амниятӣ барои пас гирифтани бахши аъзами шаҳр аз ҷангҷӯён онро муҳосира кардаанд. Дар як ҳамлаи дигар дар ҳамин минтақа ба гуфтаи мақомоти Яман се террорист кушта шудааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки ҳалқаи Ал-қоида дар Яман, бесуботӣ дар ин кишварро ба нафъи худ истифода мебарад. Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман, ки дар ҳамлае ба қароргоҳаш маҷрӯҳ шуд, барои муолиҷа дар Арабистони Саудӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG