Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони Арманистон ва Озарбойҷон


Вазирони умури хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон имрӯз дар шаҳри Маскав доир ба муноқишаи бадарозокашидаи Кӯҳистони Қаробоғ гуфтӯгу доранд. Мулоқоти Эдуард Наълбандиён ва Элмар Мамадёров бо миёнҷигарии Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия баргузор шудааст. Дар ин мулоқот, масоили омодагӣ барои нишасти сарони се кишвар дар шаҳри Қазон дар охири ҳамин моҳ баррасӣ мешавад. Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар гузашта гуфтааст, омодааст, бо ҷанг Вилояти Кӯҳистони Қаробоғро пас бигирад, ки ин вилояти умдатан арманинишин баъди суқути шӯравӣ аз Озарбойҷон ҷудо шуд. Моҳи гузашта, раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ аз ҳарду тараф хостанд, ҳарчӣ зудтар низоъро рафъ кунанд.
XS
SM
MD
LG