Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон бебориш аст


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ҳаво то андозае абрӣ хоҳад буд, вале борон намеборад. Ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд баъд аз нисфирӯзӣ бориши борон пешбинӣ шудааст. Ҳаво 33-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб баъд аз нисфирӯзӣ ҳаво абрӣ мешавад, вале борон намеборад. Гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад.

Имрӯз дар Хоруғ ҳаво офтобист ва 24 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG