Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони тоҷикро дар Ӯзбакистон боздошт кардаанд


Мақомоти расмии Ӯзбакистон мегӯянд, як марзбони мусаллаҳи тоҷикро дар қаламрави он кишвар боздошт кардаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Раёсати марзбонии Кумитаи амниятии миллии Ӯзбакистон, ҳодиса рӯзи 7 июн дар маҳалли Лабиоби ноҳияи Сариосиё дар вилояти ҷанубии Сурхондарё ба вуқӯъ пайвастааст. Дар хабар омадааст, марзбони тоҷик аз воҳиди нерӯҳои марзбонии Турсунзода зимни боздошт, муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва эътироф кардааст, ки мехост, аз ҳамтоёни ӯзбакаш силоҳи онҳоро бигирад ва дар ивази пул ба онҳо баргардонад. Манобеъи Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ин хабарро таъйид карданд, вале гуфтанд, ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG