Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Гурӯҳи байналмиллалии Тамоси Либия мулоқот мекунад


Имрӯз вазирони кишварҳои ғарбӣ ва кишварҳои аслии арабӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб дар даври дигари музокирот масъалаи Либияи бидуни Муаммар Қаззофиро баррасӣ мекунанд. Ин мулоқот дар ҳоле анҷом мегирад, ки ҳафтаи ҷорӣ нируҳои ҳавоии НАТО ҳадафҳоеро дар Троблус-пойтахти Либия шадидан бомбборон карданд, то тавоноии ҳамлаҳои нируҳои Қаззофӣ ба шаҳрвандон ва шӯришиёнро заиф созанд. Ҷаласаи Гурӯҳи Тамоси Либия дар Абу Дабӣ Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико ва намояндагони Фаронсаву Британия ва муттаҳидони арабӣ, аз ҷумла Қатар, Кувайт ва Урдунро ба ҳам хоҳад овард. Ҳафтаи ҷорӣ Қаззофӣ эълон кард, ки то замони мурдан аз Троблус-пойтахти Либия берун намеравад.
XS
SM
MD
LG