Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон тавони ғанисозиашро 3 баробар хоҳад афзуд


Фаридун Аббосии Давонӣ
Фаридун Аббосии Давонӣ
Раҳбари созмони ҳастаии Эрон гуфт, Эрон ба дунболи аз корхонаи ҳастаии Натанз кӯчонидани ғанисозии уранаш иқтидори ғанисозии худро то поёни сол 3 маротибаи дигар бештар хоҳад кард. Фаридун Аббосии Давонӣ гуфт, ғанисозӣ дар сатҳи 20 дарсадро имсол аз Натанз ба Форду, маҳалле дар наздикии Қум дар ҷанубуғарби Теҳрон хоҳанд кӯчонд ва ин раванд таҳти назари Ожонси байналмилалии ҳастаӣ сурат хоҳад гирифт.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса ин нақшаро “иғво” хонд ва Теҳронро ба нақзи батакрори қонунҳои байналмилалӣ айбдор кард. Ифшо шудани хабари эҳдоси корхонаи ҳастаии Форду дар соли 2009 боиси эъмоли таҳримоти сангинтари СММ алайҳи Эрон шуда буд. Эрон дар авоили сол Ожонси ҳастаиро дар ҷараён гузошт, ки корхонаи Фордуро дар тобистон фаъол хоҳад кард. Теҳрон ба иллати саркашиаш аз қатъи ғанисозӣ таҳти 4 давраи таҳримоти Шӯрои Амният қарор дорад.
XS
SM
MD
LG