Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири умури хориҷии Либия дар Чин


Давлати Чин мегӯяд, Абдул Отӣ ал-Убайдӣ, вазири умури хориҷаи Либия барои баррасии шеваҳои сиёсии ҳалли низоъ ба Пекин омадааст. Чанде пеш аз ин боздид, дипломатҳои Чин бо раҳбарони Шӯроии Миллии Гузори ошӯбгарони Либия мулоқот доштанд. Айни замон як фиристодаи Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия имрӯз вориди шаҳри Бенғозӣ шуд, то бо ошӯбгарони Либия гуфтӯгу кунад. Чину Русия моҳи март дар Шӯрои Амният ба қатъномаи Созмони Милал, ки амалиёти ҳавоӣ алайҳи нерӯҳои Қаззофиро иҷоза дод, раъйи мумтанеъ доданд. Ҳарду кишвар аз он замон аз густариши амалиёт ибрози нигаронӣ карда ва хостори ҳалли сиёсии низоъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG