Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи изтирории вазирони ИА дар робита бо ангали E.coli


Вазирони кишоварзии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо даъват кардаанд, ки дар Люксембург ҷаласаи фаврӣ баргузор кунанд. Ин дар ҳолест, ки санҷишҳо дар бораи ошкор кардани бактерияи кушандаи E.coli натиҷа надодааст. Ин ҷаласа имрӯз баргузор мешавад ва интизор меравад, ки дар он вазирон имкон пардохти ҷуброн ба кишоварзон аз талафоти фаровардаҳояшонро баррасӣ кунанд, зеро дар натиҷаи ин бӯҳрон онҳо зарари бузурги молӣ дидаанд. Масалан, кишоварзони Испания дар як ҳафтаи охир садҳо миллион евро зарар дидаанд. Аз бактерияи E.coli то ҳол 23 нафар дар Аврупо ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG