Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони кишоварзии ИА рӯзи сешанбе дар як нишасти изтирорӣ дар Люксембург асароти шуйюъи бактерия барои тавлидкунандагони сабзавот дар ин қора ва имкони ҷуброни хисороти расида ба кишоварзонро баҳс хоҳанд кард. Омори расмие ҳанӯз дар даст нест, вале тавлидкунандагон дар Испания хисороти худро дар пайи шуйюъи бактерияи кушандаи
E.coli, ки дар оғоз манбаъаш иштибоҳан бодиринги испанӣ ном бурда шуд, садҳо миллион евро баровард мекунанд. Мақомоти беҳдоштии Олмон акнун то куҷо манбаъи ин бактерия будани як навъи лубиёи маҳаллиро таҳқиқ мекунанд. Бино ба омори Маркази аврупоии ҷилавгирӣ ва назорати амроз, 2000 нафар ба E.coli гирифтор шуда, 22 нафар аз он даргузаштаанд. 21 мавриди ҳалокат аз ин бактерия дар Олмон рух додааст.
XS
SM
MD
LG