Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солеҳ баъди ҷарроҳӣ рӯ ба шифо овардааст


Истиқболи мардум аз рафтани Солеҳ

Истиқболи мардум аз рафтани Солеҳ

Мақомоти Саудӣ мегӯянд, раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ баъди аз сари синааш берун овардани пораҳои тир шифо меёбад. Солеҳ, ки рӯзи ҷумъа бар асари ба Кохи раёсатҷумҳурӣ асобат кардани як мушаки шилликкардаи чирикиҳои қабоил ҷароҳат бардошт, рӯзи якшанбе барои табобат ба Арабистони Саудӣ рафт.
Эътирозҳо дар Яман бо талаби истеъфои Солеҳ, ки 32 сол боз дар қудрат аст, чанд моҳ боз идома дорад ва хабари ба хориҷ рафтани ӯ ба истиқболи гарме аз сӯи эътирозгарон рӯбарӯ шуд.
Тайи рӯзҳои охир Санъо, пойтахти Яман, ба ҷабҳаи ҷанги байни нирӯҳои содиқ ба Солеҳ ва чирикиҳои қабилаҳои Ҳашид табдил ёфтааст.
Мақомот мегӯянд, Солеҳ баъди табобат ба Яман бар хоҳад гашт, вале бозгашти ӯ ба маҳзи идомаи мухолифатҳо метавонад воқеъ нашавад. Феълан дар ғайби ӯ идораи умурро ноибаш Обид Ҳодӣ ба даст гирифтааст.
XS
SM
MD
LG