Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии сотсиал-демократҳо дар Португалия


Педро Коэло
Педро Коэло
Нигаронии мардум аз буҳрони молӣ боиси шикасти ҳизби сотсиалист дар интихоботи пеш аз мӯҳлати Португалия шуд. Бино ба натоиҷи расмӣ, дар интихоботи дирӯза ҳизби сотсиал-демократ ҳудуди 39 дарсад, вале сотсиалистҳо чизе зери 28 дарсади ороро ба даст оварданд. Бар асоси ин натоиҷ, ҳизби сотсиал-демократ метавонад ҳамроҳ бо як ҳизби кучаки муҳофизакор аксарияти парлумониро ташкил диҳад. Кобинаи нав, ки ғолибан раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Педро Пассос Коэло ташкил хоҳад дод, ночор аст, то ба хотири дарёфти 78 миллиард евро кумаки байналмилалӣ даст ба тадобири шадиди сарфакорӣ бизанад. Ӯ гуфт: «Ман умедворам, қадами наве ки мо хоҳем гузошт, гоми аввали умеди ҷадид барои Португалия шуда, эътимодро ба бозорҳои Португалия эҳё кунад.»
Сарвазири кунунии Португалия Жозе Сократеш дар пайи эълони натоиҷи интихобот, аз раҳбарии ҳизби сотсиалист истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG