Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуди Аҳмадинежод аз Арманистон боздид мекунад


Маҳмуди Аҳмадинежод

Маҳмуди Аҳмадинежод

Қарор аст имрӯз боздиди Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон аз Арманистони ҳамсоя оғоз шавад. Интизор меравад, ки Аҳмадинежод бо мақомоти раҳбарии ин кишвар, аз ҷумла бо Серж Саркисён-раиси ҷумҳур дидор ва гуфтугӯ кунад. Дар гуфтугӯҳо ҳамкориҳои дуҷониба ба шумули масъалаҳои тиҷорат ва энержӣ баррасӣ мешавад. Эрон аз Арманистон барқ мегирад ва ба Арманистон гази табиӣ содир мекунад. Моҳи марти соли ҷорӣ раиси ҷумҳури Арманистон барои ширкат дар маросимҳои наврӯзӣ аз Эрон боздид карда буд. Раиси ҷумҳури Эрон бори ахир соли 2007 аз Арманистон боздид кардааст.
XS
SM
MD
LG