Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Португалия ҳизби нахуствазир интихоботро бохт


Нахуствазир Хосе Сократес интихоботро бохт

Нахуствазир Хосе Сократес интихоботро бохт

Раҳбари Ҳизби Сотсиалисти Португалия ва нахуствазири ин кишвар дар интихоботи сартосарӣ шикаст хӯрд. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ҳизби марказгарои Сотсиал-Демократ дар ин интихобот бештарин шумораи ороро соҳиб шудааст. Натиҷаҳои комили интихобот баъдтар нашр мешавад. Хосе Сократес-нахуствазири кунунӣ, ки ба эҳтимоли зиёд акнун ин мақомро тарк хоҳад кард, гуфт, ки баъд аз ин бохт аз мақоми раҳбарии ҳизбаш низ истеъфо хоҳад дод. Португалия баъд аз Юнон ва Ирландия севвумин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо аст, ки ба кӯмаки молӣ ниёз дорад. Пешбинӣ шудааст, ки Португалия аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул 78 миллиард евро кӯмаки молӣ бигирад. Дар 30 соли ахир мизони бекорӣ дар ин кишвар ба болотарин нуқтаи худ расидааст.
XS
SM
MD
LG