Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солгарди ҳодисаҳои майдони Тянянмини Пекин


Соли 2009, бузургдошти ҳодисаҳои Тянанмин дар боғи Виктория

Соли 2009, бузургдошти ҳодисаҳои Тянанмин дар боғи Виктория

Имрӯз аз ҳодисаи пахши хунини эътирозҳои мардумии майдони Тянанмини Пекин 22 сол мегузарад. Гурӯҳҳои демократии Ҳонконг умед доранд, ки беш аз 150 ҳазор нафар дар маъракаи шамъафрӯзӣ ба хотири қурбониҳои он фоҷеа дар боғи Виктория ҷамъ мешаванд.

Бовар меравад, ки дар намоишҳои эътирозии шаби сеюм ба чоруми июни соли 1989 дар майдони марказии Тятанмини Пекин ҳазорҳо нафар зери тиру тонкҳои ҳукумат монда ҷон доданд. Ҳонконг, ки дар гузашта зери мустамликаи Бритониё будааст, соли 1997 дубора ба ҳайати Чин шомил шуд.

Вале ба фарқ аз Чин, дар ин минтақае, ки то ҳол мавқеи нимамухтори худро ҳифз кардааст, озодиҳои шаҳрвандӣ ҳифз мешаванд.
XS
SM
MD
LG