Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи телевизионии CBS-и Иёлоти Муттаҳида раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба номгӯйи 31 “диктатори деринаи ҷаҳон” шомил кардааст. Дар ин барнома, ки рӯзи 1-уми июн пахш шудааст, зиндагиномаи ҷаноби Раҳмон бозтоб ёфта, гуфта мешавад, зимни як силсила тарҳу талошҳо ҳокимияти ӯ дар кишвар тақвият ёфтааст. Дар намоиш гуфта шуд, ҳарчанд рӯшан нест, то куҷо Эмомалӣ Раҳмон ба ошӯби сиёсӣ рӯбарӯст, худи кишвар бо эҳтимоли беэътидолии афзоянда мувоҷеҳ аст, ки аз тарафи пайкорҷӯёни исломӣ сарчашма мегирад ва ҳаммарзии Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин ҳол мусоадат мекунад. Пештар маҷаллаи “Тайм” раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар қатори 10 раҳбари дарозмуддате ном гирифта буд, ки бо таҳаввулоти манфӣ рӯбарӯ буда метавонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG