Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Бенғозӣ ва бомбаборони Троблус


Шаҳри Бенғозӣ, ки дар зери назорати шӯришиёни Либия аст, аз таркиши азиме такон хӯрд. Ва ҳавопаймоҳои НАТО ба се нуқтаи Троъблус, пойтахти Либия зарба заданд. Дар бораи талафот дар ин рӯйдодҳо хабар нарасидааст. Ошӯбгарон, ки Бенғозиро пойтахти худ қарор додаанд, мегӯянд, инфиҷорро дар ин ҷо ҷосусони Қаззофӣ ба амал овардаанд. Ду рӯз пеш НАТО эълом дошт, ки маъаракаи ҳамлаҳои ҳавоии худро зимни Қатъномаи Созмони Милал 90 рӯз тамдид кардааст.
XS
SM
MD
LG