Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави интихоботи Бердимуҳаммадов


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Матбуоти Туркманистон аз тасвиби қонуни нави интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ хабар дод. Тибқи қонуни ҷадид, номзад ба ин мақом бояд барои сабти ном аз ҳимояти ҳизби сиёсӣ бархӯрдор бошад ё 50 000 имзо пешниҳод кунад. Ин дар ҳолест, ки дар Туркманистон расман танҳо як ҳизби демократи таҳти раҳбарии раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар заминаи ҳизби коммунист сохта шуда буд, амал мекунад.
Интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Туркманистон бояд соли 2012 баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG