Пайвандҳои дастрасӣ

Зепп Блаттер имрӯз дар як интихоботи бидуни рақобат зоҳиран барои бори чорум раиси ФИФА – Иттиҳодияи футболи ҷаҳонӣ- интихоб хоҳад шуд. Раъйгирии имрӯза дар Тсюрих дар пасманзари сарусадоҳои бархоста пиромуни вуҷуди фасод дар ин ниҳоди масъули идораи умури футболи дунё доир мешавад. Танҳо рақиби Блаттер Муҳаммад Бин Ҳаммом ахиран аз мубориза даст кашид ва кумитаи ахлоқии ФИФА фаъолияти ӯ дар мақоми раҳбари Иттиҳодияи футболи Осиёро низ ба далели кӯшиши харидани орои аъзои ФИФА мутаваққиф кардааст.
Блаттер имрӯз дар оғози анҷумани 61-уми ФИФА гуфт: «Мо дар як дунёи бозии ҳалол, эҳтиром ва интизом бар сар мебурдем, вале бо таассуф бояд бигӯям, ки ин вазъ дигар вуҷуд надорад, чунки аҳроми маъруфи ФИФА аз бунёдаш дар ларза даромадааст. Ин хатарнок аст.»
Иттиҳодияи футболи Инглистон ба таъхири райъгирии имрӯза даъват кардааст. Шоҳзода Вилям, раиси ин ниҳод гуфт, дар пайи ин ҳама ҷанҷолҳои фасод наметавон мунтазири як интихоботи одилона шуд. Чанд спонсори асосии ФИФА, аз ҷумла Coca-Cola ва Adidas, аз латма дидани обрӯи ин созмон дар пасманзари ин ҷанҷолҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG