Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як муттаҳам ба қатли Политковскаяро боздошт кардаанд


Анна Политковская ҳукумати Русияро барои амалкардҳояш дар Чеченистон бо лаҳни тунде танқид мекард.
Анна Политковская ҳукумати Русияро барои амалкардҳояш дар Чеченистон бо лаҳни тунде танқид мекард.
Бино ба гузоришҳо, мақомоти Русия, Рустам Маҳмудов, як муттаҳам ба қатли хабарнигори шинохта, Анна Политковскаяро боздошт кардаанд. Саидаҳмад Арсамирзоев, вакили дифоъаш гуфт, Рустам Маҳмудовро шаби душанбе дар Чеченистон боздошт кардаанд ва қарор аст, ба Маскав интиқол дода шавад. Мегӯянд, ки маҳз ӯ Анна Политковскаяро соли 2006 куштааст. Рустам Маҳмудовро аз соли 2006 то кунун дар ҷустӯҷу мекарданд. Мақомоти Русияро барои пайдо накардани фармоишгари қатли Анна Политковская дар дохилу хориҷ башиддат интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG