Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия оғоз мешавад


Бино ба хабари вазорати фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз дар Маскав Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия шурӯъ мешавад. Дар он гурӯҳи бузурги ҳунармандон ва шахсиятҳои фарҳангиву илмии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Дар ин бора Абдуғаффор Абдуҷабборов-раҳбари дафтари вазорат ва раҳбари Рӯзҳои фарҳангӣ ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

“31-ӯми май театри давлатии шаҳри Душанбе ба номи Владимир Маяковский намоишномаи “Рустам ва Сӯҳроб”-ро аз рӯи асари Василий Жуковский дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ дар Маскав ба намоиш мегузорад”.

Дар ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин овозхонон ва дастаи рақсии “Гулрез” низ ҳастанд. Ҳайати ҳунарии Тоҷикистон 1-ӯми июн барномаҳои худро дар Санкт Петербург низ ба ҳаводорон пешкаш хоҳад кард. 2-юми июн Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG