Пайвандҳои дастрасӣ

Як сарбози Вазорати дифоъ, ки дар ҳаводиси соли гузаштаи Рашт ғайб зада буд, ҷустуҷӯ мешавад.

Қурбонназар Муқимов, сокини деҳаи Ғофилободи атрофи шаҳри Норак, дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ҷӯстуҷӯи писараш, ки дар муноқишаҳои соли
Сӯҳбати охирини мо бо падари сарбози гумшуда ҳангоме иттифоқ афтод, ки ӯ дигарбора дар водии Рашт ба барои ҷустуҷӯи писараш сафар карда буд. Вай гуфт, ҷустӯҷӯи писарашро идома хоҳад дод, то замоне, ки паёме ё нишона аз ӯ дарёфт накунад...

гузашта дар водии Рашт бенишон шуд, то кунун натиҷае надодааст.

Вай мегӯяд, аз сарнавишти писараш Эмомназар Муқимови 21-сола, ки баъд аз 19-уми сентябр, рӯзи ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб ғайб задааст, то ҳол хабар надорад.

СИЛОҲ ЁФТ ШУД, САРБОЗ НА

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба раисҷумҳур, вазири дифоъ, раиси Шӯрои амният ва додситони низомӣ тариқи нома муроҷиат карда, хостори пайдо кардани писараш шудааст: “Дар номае, ки аз додситонии ҳарбӣ расид, гуфта шудааст, ки силоҳи писаратонро пайдо кардему ҷустуҷӯяш идома дорад. Аммо вақте ки ба Камароб рафта будам, ҳамон замон бо вазири дифоъ вохӯрдам ва он кас ҳам гуфтанд, ки силоҳи писаратро аз дасти муҷоҳидон гирифтему худашро гаравгон гирифтаанд.”

ЭМОМНАЗАР БА КУҶО ҒАЙБ ЗАД?


Ҳангоми ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта 25 сарбозу афсар кушта шуданд. Аммо Қурбонназар Муқимов мегӯяд, писараш, ки дар сафи нерӯҳои десантии вазорати дифоъ аз 1-уми октябри соли 2009 ба ин сӯ хизмат мекард, пас аз ҳамла бо дигар сарбозон тариқи чархбол ба дара интиқол ёфтааст, аммо пас аз анҷоми амалиёт ғайб мезанад.



Ба қавли ӯ, мақомоти Вазорати дифоъ гуфтаанд, ки писараш танҳо сарбози ба гаравгон афтодаи ҳукумат аст.

Дар норомиҳои водии Рашт мақомоти Тоҷикистон гурӯҳҳои Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло), Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва размандагони аз хориҷ воридшударо муттаҳам карда буданд.

АСИРИ ДАСТАИ КАМОЛ?

Қурбонназар Муқимов мегӯяд, пас аз саркӯб шудани гурӯҳи Алии Бедакӣ, ки ба шумули фармондеҳ, 7 узви дастааш низ нобуд шуданд, аз як нафари зинда бадастафтода маълум шудааст, ки писари ӯ дар асорати гурӯҳи нафаре бо номи Камол будааст.

Вай афзуд: “Гуфтанд, ки ӯ - Камол аз гурӯҳи Алии Бедакӣ аст. Аммо вақте ки гурӯҳи Мулло Абдулло нобуд карда шуд, мақомоти амниятии ноҳия маро ба шиносоии ҷасадҳо даъват карданд. Писарам он ҷо набуд. Аз як нафаре, ки зинда дастгир шуда буд, Камолро суроғ кардам. Ӯ гуфт, ки мо бо гурӯҳи Камол умуман робита надоштем.”

Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ натиҷа надод. Дар қисми низомии 06870, воқеъ дар маҳалли "Селхозтехника"-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки Эмоманазар Муқимов хизмат мекард, низ афсарон ба далели надоштани масъулият аз сӯҳбат худдорӣ карданд. Қурбонназар Муқимов ба нақли қавл аз фармондеҳон ва ҳамхизматони писараш мегӯяд, ҳангоми амалиёт 18 нафар будаанд ва сарвари ин гурӯҳ майор Алишер Солеҳов дар даргирӣ бо гурӯҳи мусаллаҳ кушта шудаву Эмомназар шабона ғайб задааст.

"ҶУСТУҶӮРО ИДОМА МЕДИҲАМ"

Тибқи иттилои манобеи ғайрирасмӣ, Камол, сарвари гурӯҳи мусаллаҳе аз ноҳияи Тоҷикобод будааст, аз ҳамкори Аловуддин Давлатов шинохта мешавад. Ба ҳамин минвол, дастаи камшумори ӯ, яке дигар аз гурӯҳҳои хурд дар водии Рашт боқӣ мемонад, ки аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешаванд. Баъд аз саркӯб шудани гурӯҳи Мулло Абдулло мақомот эълом дошта буданд, ки дигар ягон гурӯҳи мусаллаҳи матраҳ дар шарқи Тоҷикистон боқӣ намондааст.

Сӯҳбати охирини мо бо Қурбонназар Муқимов, падари сарбози гумшуда Эмомназар Муқимов ҳангоме иттифоқ афтод, ки ӯ дигарбора дар водии Рашт ба барои ҷустуҷӯи писараш сафар карда буд. Вай гуфт, ҷустӯҷӯи писарашро идома хоҳад дод, то замоне, ки паёме ё нишона аз ӯ дарёфт накунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG