Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи эъдомҳои махфиёна дар зиндони Вакилобод


Ҳодӣ Қоимӣ

Ҳодӣ Қоимӣ

Кампайни байналмилалии ҳуқуқи башари Эрон, як созмони мақараш дар Амрико, аз идомаи қатлҳои махфиёна дар Эрон хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин созмон, аз моҳи март ба ин сӯ тақрибан 70 маҳкум ба маргро дар зиндони Вакилободи Машҳад эъдом кардаанд. Ҳодӣ Қоимӣ, як масъули ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар гуфт, аксари ин маҳкуминро бидуни огоҳии худи онҳо ва дар ҷараён гузоштани пайвандонашон ба Вакилобод бурдаанд.
Кампайни ҳуқуқи башари Эрон мегӯяд, иҷрои ҳукми эъдом дар зиндонҳои Карун, Биржанд ва Аҳво низ идома дорад.
Эрон аз нигоҳи шумори иҷрои ҳукми эъдом баъд аз Чин дар ҷаҳон дар ҷои дуввум қарор дорад. Танҳо соли гузашта дар Эрон 252 нафар эъдом шудаанд, ки аксар бо ҷурми қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир ҳукми қатл гирифтаанд. Аммо дар байни маҳкумин ба марг маҳбусони сиёсӣ ва ҳатто наврасони зери синни 18 низ ҳастанд. Ҳодӣ Қоимӣ вале омори расмии эъдомҳо дар Эронро низ зери шубҳа гузошта мегӯяд, ба маълумоте ки созмони онҳо дорад, танҳо дар зиндони Вакилобод дар як соли гузашта 200 нафари дигар эъдом шудаанд.
XS
SM
MD
LG