Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иловаҳои муҳим ба қонуни озодии виҷдони Тоҷикистон


Бино ба тағйиру иловаҳое, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Қонуни «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ворид кард, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими улуми исломӣ дар хориҷ аз кишвар танҳо бо иҷозаи мақомоти давлат мумкин хоҳад шуд. Раиси Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, Абдураҳим Холиқов, дар муаррифии ин дигаргуниҳо гуфт:

«Нерӯҳои мухталиф солҳои ахир теъдоди зиёди ҷавонони тоҷикро ба мактабу мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ ҷалб, тафаккур ва дидгоҳи ақидавии онҳоро бо андешаҳои тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодӣ омехта ва ба суботу амнияти фарҳангӣ ва динии кишвар мушкилиҳо ворид намудаанд."

Тағйиру иловаҳо ба қонун дар ҳоле сурат гирифт, ки соли гузашта бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, садҳо донишҷӯи тоҷик аз мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ ба ватан баргардониду шуданд.
XS
SM
MD
LG