Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Венесуэла таҳримоти Амрикоро "импералистӣ" хонд


Николас Мадуро бо бо вазири собиқи хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ

Николас Мадуро бо бо вазири собиқи хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ

Венесуэла таҳримоти Амрико алайҳи ширкати давлатии нафташро “империалистӣ” номид ва маҳкум кард. Далели таҳрим равобити ин ширкат бо Эрон аст. Вазири хориҷаи ин кишвари Амрикои лотинӣ Николас Мадуро ин таҳримотро “ғайри қобили қабул” унвон кард ва гуфт, Каракас рӯи иқдомоти ҷавобӣ хоҳад андешид.
Амрико эълон кард, ки дар идомаи талошҳо ба хотири гирифтани пеши роҳи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дар маҷмӯъ алайҳи 7 муассисаи хориҷӣ таҳримот эъмол мекунад. Ҳамин тавр, вазорати хориҷаи Амрико гуфт, алайҳи 16 ширкату афроди алоҳида аз Чину Сурия, Эрону Беларус ва Кореяи шимолӣ ба далоили марбут ба фаъолиятҳои ҳастаӣ таҳримоти изофӣ ҷорӣ мекунад. Рӯзи душанбе ИА низ алайҳи Эрон таҳримоти сангинтар эъмол карда буд.
XS
SM
MD
LG