Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Шӯрообод гаравгони қочоқбарони афғон шуд


Ахиран як сокини деҳаи Пистамазори ноҳияи Шӯрообод аз ҷониби гурӯҳи ношиносе рабуда шудааст. Сокинони ин русто дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки Мирзо Бобоев метавонист аз ҷониби гурӯҳи қочоқбарони афғон барои напардохтани қарзи маводи нашъа ба гарав бурда шуда бошад.

Бобоев як ронандаи трактор бино ба иттилои шоҳидон аз ҷониби гурӯҳи ношиноси силоҳбадасти афғон рабуда шуд. Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯрообод гуфт, ки ҳарчанд ҳоло касе аз рӯи ин ҳодиса ба додситонӣ шикоят накардааст, ин ниҳод дурустии хабарро таҳқиқ мекунад.

Шӯрообод, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, аз рӯи иттилои мақомоти ҳифзи тартибот, нуқтаи аввали транзити қочоқи маводи мухаддир ба дохили Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар ин кор гоҳо сокинони маҳаллӣ низ даст доранд. Соли гузашта бо иттиҳоми напардохтани пули қочоқбарон ду сонини дигари минтақаи Кӯлоб аз ҷониби қочоқчиён рабуда шуда баъди гуфтушуниди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шӯрообод бо гаравгонгирон раҳо шуданд.
XS
SM
MD
LG