Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳо мегӯянд, Ироқ ба нируҳои Амрико ниёз дорад


Имрӯз як мақоми баландпояи курдҳои Ироқ аз идомаи истиқрори нируҳои Амрико дар Ироқ ҳимоят кард. Вай гуфт, баъд аз хатми мӯҳлати хуруҷи нируҳои Ироқ, ки то то поёни соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст, ин нируҳо ҳузури худро дар Ироқ давом диҳанд. Ҷаббор Ёвар-дабири кулл ва мақоми баландпояи вазорати умури Пешмаргаҳои Курдистони Ироқ мегӯяд, “Ироқ ҳанӯз ҳам бо сабабҳои сиёсиву амниятӣ ба нируҳои Амрико ниёз дорад”. Пешмарга нируҳои чирикии курдҳост, ки масъулияти дифоъ аз ҳамлаҳои хориҷиро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG