Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти давлати Либия барои хотима додан ба ҷанг


Давлати Либия эълом кард, ки дар сурати ихроҷ шудани размандагони шӯришиён аз шаҳрҳо, нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ низ ҳамин корро хоҳанд кард. Мӯсо Иброҳим, сухангӯи ҳукумати Либия гуфт, намояндаи давлат зимни мулоқотҳояш дар Русия дар рӯзи панҷшанбе чунин пешниҳод кардааст. Дар Либия шӯришиён талош доранд, ба ҳукумати 41 солаи Муаммар Қаззофӣ дар ин кишвар хотима диҳанд. Ба гуфтаи Мӯсо Иброҳим бар асоси ин пешниҳод нерӯҳои НАТО ҳам бояд ҳамла ба таъсисоти нерӯҳои Қаззофӣ дар Либияро хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG