Пайвандҳои дастрасӣ

Марк Гроссман бо мақомоти Тоҷикистон гуфтӯгу мекунад


Қарор аст, имрӯз Марк Гроссман, фиристодаи махсуси Амрико дар умури Афғонистону Покистон ба хотири дидору гуфтӯгу бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе шавад. Вазъ дар минтақа, мубориза бо тероризм ва шеваҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистон аз мавзӯъҳои сӯҳбати ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон будааст. Марк Гроссман, рӯзи панҷшанбе дар Покистон буд ва бо мақомоти он кишвар дар бораи "ба маҷрои пешин" баргардонидани муносиботи тирашудаи Амрикову Покистон сӯҳбат кард. Маҳви Усома Бен Лодан дар қаламрави Покистон аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ ва бидуни огаҳии давлати Покистон, ба муносиботи ин ду ҳампаймон латма зад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG