Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон хабари музокирот бо Амрикоро радд кард


Забеҳуллоҳ Муҷоҳид
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид
Толибон бо Амрико вориди музокироти мустақим шудани ин ҷунбишро радд мекунад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як баёния хабари чунин музокиротро “шоеъоти бепоя” номид. Рӯзномаи амрикоии "The Washington Post" ва нашрияҳои дигар дирӯз хабар доданд, ки Амрико ба музокироти мустақим бо Толибон иқдом карда, намояндаи Вошингтон ахиран бо як нафаре, ки аз наздикони раҳбари Толибон Мулло Умар шинохта мешавад, дар Қатар ва Олмон се дафъа мулоқот кардааст. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз шарҳи ин хабарҳо худдорӣ кард ва гуфт, “тамосҳои фарогир”-и Амрико ба хотири ҳимоят аз раванди оштӣ “дар саросари Афғонистон ва минтақа идома дорад. “
XS
SM
MD
LG