Пайвандҳои дастрасӣ

Фишори афзоянда ба Доминик Страус Канн


Мудири Сандуқи Байналмилалии Пул, зимни ҳузур дар додгоҳ.

Мудири Сандуқи Байналмилалии Пул, зимни ҳузур дар додгоҳ.

Доминик Страусс Кан, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул таҳти фишори афзоянда қарор гирифтааст, то аз мақомаш истеъфо диҳад. Доминик Страусс Каннро ба дастдарозӣ ба номуси як хидматгори меҳмонхонае дар шаҳри Ню Йорк муттаҳам мекунанд. Ӯ ин иддаъоро рад мекунад. Тимотӣ Гейтнер, вазири хазонадории Амрико дирӯз гуфт, Доминик Страусс Кан, дар вазъе нест, ки битавонад, Сандуқи Байналмилалии Пулро идора кунад. Як мақоми баландпояи Бразилия ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, мудири ояндаи ин ниҳод бояд аз кишварҳои бузурги дар ҳоли рушде ба мисли Бразилия бошад. Вазорати умури хориҷаи Чин гуфт, интихоби мудири нав бояд бар асоси меъёрҳои "адолат, шаффофият ва шоистагӣ" сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG