Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди Юсуф Ризо Гелонӣ аз Чин


Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, имрӯз дар идомаи боздидаш аз Пекин бо ҳамтои чинии худ Вен Ҷибао мулоқот хоҳад кард. Қарор аст, ду тараф қарордодҳое доир ба истихроҷи мис ва тилло дар Покистон ба имзо расонанд ва созишномаи эҳтимолии дифоъи миёни ду кишварро баррасӣ кунанд. Сафари Ризо Гелонӣ ба Чин дар ҳолест, ки равобити Покистону Амрико баъди амалиёти маҳви Усома Бен Лодан аз тарафи нерӯҳои Амрико ба тирагӣ гароидааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон аз ин аст, ки Покистон ҷӯёи тақвияти муносибот бо Чин шудааст.
XS
SM
MD
LG