Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи баҳси сохтмони Роғун дар Алмаато


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (Акс аз бойгонӣ)

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (Акс аз бойгонӣ)

Имрӯз дар Алмаатои Қазоқистон таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ машваратҳои серӯзаи кишварҳои ҳавзаи Омӯдарё перомуни тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз ёфт.

Рӯзҳои 17 ва 18-уми май ҳайъатҳои давлатии 6 кишвари ин ҳавза - Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистону Қирғизистон - баҳси ин мавзӯъро хоҳанд кард.
Иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 ҳазору 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд...


Рӯзи 19-уми май тарҳи Роғун дар нишасти намояндагони созмонҳои ғайридавлатии ин минтақа баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳайъати ҳукумати Тоҷикистонро дар музокироти Алма-Ато муовини сарвазир, Асадуллоҳ Ғуломов, раҳбарӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 12-уми майи соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ гузориши муқаддамотии шеваҳои ташхиси фаннӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитии тарҳи Роғунро ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Як масъули Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфта буд, ки "ин ҳисобот методологияи таҳқиқоти фанниву иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитӣ аст. Дар ин ҳисобот нақшаи корӣ, масоиле, ки бояд мавриди ташхис қарор бигирад ва дар маҷмӯъ раванди кори таҳқиқоти тарҳи Роғун матраҳ аст. Ташхиси тарҳи Роғун ҳамакнун шурӯъ шуда ва аз 12 то 18 моҳро фаро мегирад."

Тоҷикистони ташнаи нерӯи барқ, ки дар тӯли 6 моҳи фасли сармо ва оғози баҳор ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯст, эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро барои худ ҳаётан муҳим медонад. Вале кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба тарҳи Роғун мухолифат варзида мегӯянд, сохта шудани ин нерӯгоҳ боис ба камбуди об барои майдонҳои кишт шуда, вазъи зистмуҳитиро низ метавонад хароб кунад.

Мақомоти Узбакистон дар машварат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шудааст. Барои бунёди Роғун маҳалли ба истилоҳ ларзонаке интихоб кардаанд, ки хатари заминларзаҳоро меафзояд, намак дар таркиби обро зиёд мекунад.

Дар сурати коҳиши маҷрои об ба гуфтаи коршиносони ӯзбак, солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Дигар ин ки коршиносони Узбакистон, ки тақрибан 20 сол аз ҳаққи дидани Роғун маҳрум будаанд, бисёр мехоҳанд, ба чашми худашон нерӯгоҳро бубинанд.

Зимнан, иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.

Ин аст, ки эҳдоси нерӯгоҳи азими Роғун метавонад таносуб дар бозори нерӯи барқи минтақаро ҳам ба сурати куллӣ дигар кунад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир барои пайдо кардани ҷои по дар бозори барқи Афғонистон ва Покистону Ҳинд талош меварзанд, вале то имрӯз дар ин сабқат Узбакистон пешдасттар ба назар мерасад.

Тоҷикистон дар тобистони гузашта, барои мисол ба маҳзи наёфтани харидор оби обанбори Норакро беҳуда сар дод. Вале гуфта мешавад, эҳдоси хутути интиқоли барқи КАСА-1000, ки бояд аз Осиёи Марказӣ то Покистон кашида шавад, Душанберо барои ҷои бештари по дар бозори барқи Осиёи ҷанубӣ умедвор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG