Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар оташи ҷавобии НАТО 2 сарбози покистонӣ захмӣ шуданд


Азмат Алӣ-сухангӯи артиши Покистон мегӯяд, нируҳои Покистон ба сӯи ду чархболи НАТО, ки аз хоки Афғонистон ба марзи Покистон наздик мешуданд, оташ кушодаанд. Азмат Алӣ ба бахши покистонии радиои Озодӣ гуфт, дар оташи ҷавобии чархболҳо ду сарбози покистонӣ ҷароҳат бардоштаанд:

“Бале, ин ҳодиса рух дод. Онҳо ба ҳарими ҳавоии Покистон дохил нашуданд ва вақте, ки оташ кушоданд, дар он тарафи марз буданд. Вақте, ки ба тарафи мо наздик мешуданд, одамони мо оташ кушоданд. Онҳо оташи ҷавобӣ кушоданд ва ду сарбози моро захмӣ карданд. Сарбозон ҷароҳати вазнин набардоштаанд”.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки муносиботи миёни Покистону Амрико баъд аз куштори Усома Бен Лоден сард шудааст.
XS
SM
MD
LG