Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Португалияи мӯҳтоҷ кӯмаки молӣ мекунанд


Хосе Сократ, нахуствазри Португалия
Хосе Сократ, нахуствазри Португалия
Вазирони молияи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат карданд, то ба Португалияи мӯҳтоҷи кӯмак, 78 миллиард евро қарз дода шавад. Баъди ҳамоише дар шаҳри Брюссел онҳо гуфтанд, сеяки ин кӯмаки молӣ аз ҳисоби он кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд, ки шомили пули воҳиди евро нестанд. Сеяки дигар аз ҳисоби буҷаи худи Иттиҳодияи Аврупо дода мешавад ва 26 миллиард еврои дигарро, Сандуқи Байналмилалии Пул ихтисос хоҳад дод. Дар ивази кӯмак, Португалия бодя дефитсити буҷаи худро, ки ҳоло 9,1 дар садро ташкил медиҳад, то соли 2013 то камтар аз 3 дар коҳиш диҳад, ки меъёри муқарраркардаи Иттиҳодияи Аврупо аст.
XS
SM
MD
LG