Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорони тоҷикро ҳамватани онҳо куштааст?


Пулиси Маскав мегӯяд, куштандаи ду муҳоҷири тоҷик дар бозори «Виктория»-и минтақаи Голяново дар шарқи пойтахти Русияро ошкор кардааст. Шаби 3 май бар асари тирандозӣ дар ин бозор Зайниддин Холов ва Муродҷон Зокирови яке 43- ва дуввумӣ 22-сола кушта шуданд. Пулис бар асоси шаҳодати тоҷики севвуме, ки дар ин тирандозӣ ҷароҳат бардошт, мегӯяд, болои онҳо як шаҳрванди дигари 44-солаи Тоҷикистон, ки дар «Виктория» ба ҳайси посбон кор мекард, тир андохтааст.
Ин посбон, ба гуфтаи пулис, баъди куштани ҳамватанонаш ба дасти пои худ ҳам тир зада, худро низ қурбонӣ нишон медод. Силоҳи ИЖ-71-и ӯ аз манзилаш дар Балашиха мусодира шуда, ин гумонбар акнун дар бемористон таҳти боздошт қарор дорад.
Кормандони бозори «Виктория» баъди ин куштор бо талаби пайдо кардани қотилон як тазоҳуроти худҷӯш низ доир кардаанд.
XS
SM
MD
LG