Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дави миллӣ баргузор шуд


Дар Рӯзи дави миллӣ, субҳи якшанбеи 15-уми май, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат кард. Ба иттилои Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ширкаткунандагони Рӯзи дави миллӣ бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр давиданд. Дар пойгаи давандаҳо дар шаҳри Душанбе 33 ҳазор нафар иштирок дошт. Масофаи аз ҳама дурро (аз посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ то “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) аввалин шуда миёни мардон Аҷмал Амиров, давандаи маъруфи кишвар, тай намуд. Дар пойгаи занон дар ин масофа Аслбии Сафаралӣ, донишҷӯи соли севуми коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ғолиб омад. Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои кумитаи тадорукоти Рӯзи дави миллӣ супурда шуд.
XS
SM
MD
LG