Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия дар интизори тазоҳуротҳои нави зиддидавлатӣ


Давлати Сурия имрӯз ба хотири монеъ шудан ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ сарбозону тонкҳоро дар шаҳрҳои кишвар мустақар кард. Бо вуҷуди саркӯбии тазоҳуротҳои гузашта алайҳи режими Башшор Ассад, мухолифон аз мардум хостаанд, имрӯз ба кӯчаҳо бароянд. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ аз моҳи март, аз замони шурӯъи тазоҳуротҳо то кунун 750 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, тонкҳо шаҳри Ҳаморо муҳосира кардаанд, ки дар ин шаҳр Ҳофиз Асад, падари Башшор Асад, дар соли 1982 ошӯби исломгароёнро саркӯб карда ва ҳазорон нафарро кушт. Дар вокуниш ба саркӯбиҳои бераҳмона, Амрикову Иттиҳодияи Аврупо алайҳи чанд мақоми баландпоияи Сурия таҳрим эъмол карданд.
XS
SM
MD
LG