Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Анҷумани миллии расонаҳои мустақил


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ аз афроди мансабдор ва шахсиятҳои шинохта дар кишвар даъват кардааст, то дар баробари танқиди хабарнигорон таҳаммулпазир бошанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон гуфтааст, ҳоло ҳадди ақалл панҷ парвандаи хабарнигорон ва нашрияҳои тоҷикӣ дар додгоҳҳои кишвар идома дорад, ки бештар ба фаъолиятҳои касбии онҳо марбут аст. НАНСМИТ дар ин изҳороти худ аз хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар Ашт, Маҳмадюсуф Исмоилов, ёдоварӣ кардааст, ки тақрибан шаш моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Инчунин, баҳси додгоҳии Анвар Тағоймуродов, муовини вазири умури дохилӣ бо нашрияи "Азия-Плюс" ва собиқ депутат - Сайвалӣ Нуров бо ҳафтаномаи "Чархи гардун" ҷараён дорад. "Таҷрибаи баррасӣ кардани парвандаҳои оид ба тӯҳмат ва таҳқир дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки журналистон дар аксари мавридҳо бо сабаби танқиди шахсони мансабдор мавриди таъқиб қарор мегиранд",-таъкид шудааст дар изҳороти НАНСМИТ. Дар баробари ин, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз хабарнигорон низ хостааст, то ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро новобаста аз мақоми иҷтимоиашон дар ҷомеа эҳтиром кунанд.
XS
SM
MD
LG