Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Microsoft” азмаш ба харидани “Skype”-ро таъйид кард


“Microsoft”, бузургтарин ширкати компутарии дунё, эълон кард, ки дар садади харидории шабакаи телефони интернетии “Skype” аст. “Microsoft” гуфт, барои соҳиб шудан ба ин шабакаи марказаш дар Люксембург тақрибан 8,5 миллиард доллар пардохт карда, онро ба як бахши худ табдил хоҳад дод. “Skype” феълан марбут ба “eBay”, бузургтарин ширкати музоядаҳои интернетист. “Microsoft” гуфт, мудиромили “Skype” Тонӣ Бейтс дар мақоми раҳбарии ин бахши тозабунёд хоҳад монд. “Skype” 660 миллион корбар дошта, асосан аз роҳи гуфтугӯҳои телефониву видеоӣ тавассути Интернет сӯд ба даст меорад.
XS
SM
MD
LG