Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар “Гран-при”-и Боку


Дар мусобиқаи байналмилалии “Гран-при” оид ба дзю-до миёни мардону занон, ки дар маҷмааи олимпии “Сарҳадчӣ”-и пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку бо ширкати беш аз 340 варзишгар аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик ноком гаштанд.

Парвиз Собиров дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар нахустин даври мусобиқа аз рақибаш Элхан Мамадов (Озарбойҷон) бо баҳогузории “иппон” шикаст хӯрд.

Гуштигири дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов низ дар вазни то 100 кг дар даври муқаддамотӣ аз рақибаш Даниэл Брата (Руминия) аз рӯи “иппон” мағлуб шуд.

Дар сабқати мардон ҳамагӣ намояндагони 20 кишвар соҳиби медал шуданд. Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 2 медали тилло ва 2 нуқра ғолиб омад.

Ғолибону ҷоизадорони сабқати мардон

-60 кг
1. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
2. ЧИМЕД-ЙОНДОН Болдбаатар (Муғулистон)
3. ҶОКИНЕН Валттери (Финляндия)
3. ЗАНТАРАЙЯ Георгий (Укроин)

-66 кг
1. ДРАКСИЧ Рок (Словения)
2. УРИАРТЕ Сугой (Испания)
3. ФАРАЛДО Франтсеско (Италия)
3. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)

-73 кг
1. ҶӮРАҚОБИЛОВ Наврӯз (Узбакистон)
2. ШАРИФОВ Миралӣ (Узбакистон)
3. ЭЛМОНТ Декс (Ҳолланд)
3. ЙЕЗЕК Яромир (Ҷумҳурии Чех)

-81 кг
1. БИШОФ Оле (Олмон)
2. РАЖАБЛИ Элхан (Озарбойҷон)
3. ГУИЛХЕЙРО Леандро (Бразилия)
3. ВАСИЛЕНКО Артём (Укроин)

-90 кг
1. ЧОРИЕВ Дилшод (Узбакистон)
2. ВОПРОСОВ Кирилл (Русия)
3. БАУЗА Каролис (Литва)
3. МАММАДОВ Элхан (Озарбойҷон)

-100 кг
1. ГРОЛ Хенк (Ҳолланд)
2. САИДОВ Рамзиддин (Узбакистон)
3. БРАТА Даниэл (Руминия)
3. ЗЕЕВИ Ариел (Исроил)

+100 кг
1. ЭЛ ШЕХАБИ Ислом (Миср)
2. МАКАРОВ Игор (Беларус)
3. БОНДАРЕНКО Станислав (Укроин)
4.ОСНАШС Владимирс (Латвия)
XS
SM
MD
LG