Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз таҳримҳои ИА бар зидди Сурия эътибор пайдо мекунад


Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ фурӯши аслиҳа ба 13 нафар аз мақомоти расмии Сурияро мамнӯъ ва бар зидди онҳо таҳрим эълон кард. Ба эҳтимоли зиёд онҳо дар саркӯбии тазоҳуроти эътирозии мухолифони давлат даст доранд. Дар эъломияи Иттиҳодияи Аврупо омадааст, ки ин таҳрим ва манъи фурӯши аслиҳа рӯзи сешанбе эътибор пайдо мекунад. Бино ба маълумоти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, дар зарфи 8 ҳафтаи тазоҳуроти эътирозӣ 600 нафар дар Сурия кушта шудаанд. Башор Асад-раиси ҷумҳур тонкҳо ва нируҳоро сафарбар кард, то тазоҳуроти зиддидавлатиро саркӯб кунанд.
XS
SM
MD
LG