Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиётҳои боздошт ва омехта бо тирандозӣ дар Сурия


Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи Сурия мегӯянд, зимни амалиёти боздошти мухолифони раиси ҷумҳур Башшор Асад аз канораҳои ғарбии шаҳри Димишқ садои тирандозӣ ба гӯш расидааст. Ба гуфтаи ин гурӯҳҳо нерӯҳои амниятӣ, хона ба хона гашта ва садҳо нафарро боздошт мекунанд. Ромӣ Абдул Раҳмон, раҳбари Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, дар амалиётҳои имрӯза, сокинони шаҳри марказии Ҳомс, шаҳри соҳилии Бониёс, ҳошияҳои шаҳри Димишқ ва рустоҳои атрофи шаҳри ҷанубии Даръо боздошт шудаанд. Ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, шаби гузашта зимни вуруди нерӯву тонкҳои Сурия ба шаҳри Ҳомс, як навраси 12-сола кушта шудааст. Савосияҳ, як гурӯҳи дигари ҳомии ҳуқуқи Сурия гуфт, сар аз оғози тазоҳуроти зидди ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, аз моҳи март то кунун 800 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG