Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як муттаҳам дар терроризм дар Чехия


Полиси Ҷумҳурии Чех як шаҳрванди Покистонро, ки барои куштор ва фаъолияти террористӣ дар кофтукоби байнулмилалӣ қарор дошт, дастгир кард. Дар ин бора имрӯз вазири умури дохилии кишвар Як Кубитсе хабар дод.

Ба гуфтаи вазири чех, шаҳрванди Покистон хостори дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар Чехия шуда буд. Дар бораи истирдоди шахси боздоштшуда ба Покистон додгоҳ тасмим хоҳад гирифт.

Ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурии Чех бо иттиҳоми кӯмак ба созмони террористӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ шаш шаҳрванди Русия - сокинони Қафқози шимолӣ боздошт шуда буданд.

Кубитсе пайванди миёни ин ду боздоштро рад кард.
XS
SM
MD
LG