Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонҳои Италия садҳо либиягиро наҷот доданд


Дар ҷануби Италия марзбонҳои дарёӣ дасти кам 400 паноҳанда аз Либияро наҷот доданд.

Киштии паноҳандагон дар наздикиҳои ҷазираи Лампедуза ба шин нишаст.

Миёни паноҳандагони бесомонӣ шурӯъ шуд ва бисёриҳо худро ба баҳр андохтанд. Ба иттилоъи полис, чанд нафар захм ҷароҳат бардоштанд.

Як рӯз аз ин қабл беш аз 800 паноҳанда аз Либия дар ду киштӣ ба ҷазираи Лампедузаи Италия омоданд. Ба иттилоъи расонаҳои Италия, онҳо дар қароргоҳҳои муваққат ҷойгир карда шуданд.

Шурӯъ аз моҳи январ ҳазорон сокинони Тунис, Миср ва Либия бар асари нооромиҳо дар кишварҳояшон вориди ҷазираи Лампедуза шуданд.
XS
SM
MD
LG