Пайвандҳои дастрасӣ

Хориҷиён аз Қирғизистон кӯдаконро ба фарзандӣ мегиранд


Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон қонунеро имзо кард, ки тибқи он хориҷиён метавонанд кӯдакони Қирғизистонро ба фарзандӣ бигиранд. Ин қонунро порламон 14-ӯми апрел ба тасвиб расонда буд. Дар он омадааст, ожонси давлатӣ ҷараёни ба фарзандӣ гирифтани кӯдакони бепарастор аз тарафи падару модари хориҷиро назорат хоҳад кард. Аз соли 2006 то соли 2009 шаҳрвандони Амрико, Исроил, Италия, Фаронса, Олмон ва Австралия 236 кӯдаки бепарасторро ба фарзандӣ қабул кардаанд.
XS
SM
MD
LG