Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи рубли Беларус беҳбуд меёбад?


Дар Беларус табодули расмии пул то андозае беҳбуд ёфт, зеро дар бозори сиёҳ арзиши табодули рубл тақрибан то нисфи арзиши расмии он поин рафтааст. Бонки миллӣ мегӯяд, арзиши рубл дар давоми соли 2011 аз 8 то 12 дарсад поин рафта буд ва тадобир барои беҳбуди вазъ 12-ӯми май ба иҷро медарояд. Имрӯз арзиши расмии як доллар 3 000 ва як евро 4 500 рубли беларусиро ташкил медод. Вале гузоришҳо ҳокист, ки як доллар дар баробари 5 000 рубли беларусӣ дар ғурфаҳои хусусии табодули пул табдил мешавад. Беларус барои пардохти қарзи гази Русия ба мушкил гирифтор шудааст.
XS
SM
MD
LG