Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Соҳили Днестр журналисти маҳбусро афв кард


Журналисти молдовӣ, Эрнст Варданеан, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз тарафи раҳбари минтақаи ҷудоихоҳи Соҳили Днестр афв шуда, ба озодӣ баромад. Худи ӯ ин қарорро ғайриинтизор мешуморад ва далоили онро шарҳ дода наметавонад. Хабаргузориҳо мегӯянд, раҳбари минтақаи Соҳили Днестр, Игор Смирнов, баъд аз гирифтани номаи журналист ӯро афв кардааст.
XS
SM
MD
LG