Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

TojNews ва панҷ вазири камэътибори Тоҷикистон


Хабаргузории TojNews-и Тоҷикистон бо баргузории як назархоҳӣ 5 вазири камэътибори ин кишварро маълум кардааст. Абдуҷаббор Раҳмонов-вазири маориф 30 дарсад рай гирифтааст. Соли гузашта Раҳмонов занонеро, ки фараҷӣ ба сар мегиранд ”маймун” номида буд, вале ба зудӣ аз занон узр хост. Бо 14 дарсади оро Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноат мақоми дуввумро соҳиб шудааст. Шералӣ Хайруллоев-вазири дифоъ дар мақоми севвум қарор дорад. Пас аз вай Абдураҳим Қаҳҳоров-вазири корҳои дохилӣ ва Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молия дар гурӯҳи вазирони камэътибор мақомҳои чаҳорум ва панҷумро касб кардаанд.
XS
SM
MD
LG