Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гилониву Каримов CASA-1000 -ро баррасӣ мекунанд


Имрӯз музокироти Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон дар Тошканд бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар назар гирифта шудааст. Дар ин бора uz.news.net хабар додааст. Мавзӯи аслии гуфтугӯи ҷонибҳо ширкати Покистон дар сохтмони тарҳи CASA-1000 мебошад, ки барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол медиҳад. Узбакистон бар ин ақида аст, ки тарҳи 6,5 миллард долларии CASA-1000 мақаррароти байналмиллалиро нақз мекунад. Тошканд шак дорад, ки дар қаламрави Афғонистон битавонанд амнияти хати интиқоли барқи CASA-1000-ро таъмин кунанд. Коршиносон гуфтаанд, Узбакистон талош хоҳад кард, то Покистонро ба харидории барқи худ розӣ кунад.
XS
SM
MD
LG